Бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳори норизоят кард, ки сарварони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ин вилоят барои бо ҳиҷоб ба мактаб омадани духтарон монеъаҳо эҷод мекунанд
Ба гуфтаи Ҳафиза Содиқова, сарвари бахши бонувони ҲНИТ дар Суғд, аз оғози соли таҳсил 8 духтари мактабхон ва волидайни онҳо аз ингуна нақзи ҳуқуқи мазҳабии худ аз сӯи раҳбарони мактабҳо ба тариқи хаттӣ ба ҳизби худ муроҷиат бурдаанд. Ҳафизабону меафзояд : «Фарангис ,толибаи синфи 6-уми мактаби шумораи 13-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рӯмоли миллии сатр ба мактаб меравад, вале, мутаассифона, директори мактаб дағалона рӯмолашро аз сараш кашида, ӯро аз мактаб пеш кардааст. Ба ҳамин монанд ҳодиса дар мактаби шумораи 5-и шаҳри Хуҷанд ҳам рух додааст. Маҳбуба Фаррухзодаро, ки барои таҳсил дар синфи якум ба мактаб омада буд, ба сабаби ҳиҷобпӯш буданаш раҳбари мактаб гулдастаашро аз дасташ гирифта, ба вай қатори дигарон туҳфа намедиҳад ва аз мактаб меронад. Инро модари ӯ дар аризаи хаттӣ ба идораи мо навиштааст».
Ба гуфтаи масъулини бахши суғдии ҲНИТ, дар баъзе маворид духтарони ҳиҷобпӯши аз мактаб рондашуда дигар хоҳиши таҳсил накарда, аммо дар мавориди дигар ногузир ба идомаи таҳсил ба шарти сарбанди одӣ ба ҷои ҳиҷоб ризоят додаанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар баъзе аз маворид сарварони мактабҳо ба духтарон танҳо ба шарти умуман тарки мактаб накарданашон иҷозаи бо ҳиҷоб ба дарс омадан додаанд.
Ва ин ҳам, бино бар иттилоъи расмӣ, дар ҳолест, ки дар соли гузаштаи таҳсил таҳрибан 1000 нафар мактабиёни солҳои 10-у 11-и таҳсил тарки мактабхонӣ кардаанд. Қисмати умдаи ин теъдодро духтарон ташкил медиҳанд. Аммо манобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки теъдоди духтароне, ки баъди синфи 9 хонданро қатъ мекунанд ва ё дар синфҳои болоӣ аслан ба мактаб намераванд, хусусан дар деҳоти Суғд ба маротиб зиёдтар аз рақамҳои расмист.
Аммо масъалаи баҳсбарангез миёни толибагону волидайни онҳо ва масъулини ҳизби наҳзати исломӣ, аз як сӯ, ва мақомоти идораи маорифи Суғд, аз сӯи дигар, он аст, ки оё ҳиҷоб низ як навъи сарбанд ё рӯймол ва як ҷузъи либоси мактабист?
Дар низомномаи либоси мактабӣ, ки онро Вазорати маорифи Тоҷикистон аз соли 2004 ва дастури Вазорати маориф аз моҳи августи соли равон ҳиҷоб дар қатори номгӯи либоси мактабӣ ҷой наёфтааст. Дар ҳамин ҳол, ин дастур ба духтарони мактабхон иҷоза медиҳад бо сарбанду рӯймол ба мактаб биёянд.
Волидайни духтарони ҳиҷобпӯш ва масъулини ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд мегӯянд, ки ҳиҷоб низ ҳамон сарбанди миллии тоҷикӣ буда, фарқ танҳо дар чи тавр бастани он аст. Аммо мақомоти идораи маорифи Суғд ҳиҷобро як ҷузъи либоси мазҳабӣ шуморида, бо он ба мактаб омадани духтарону муаллимаҳоро аз рӯи дастури Вазорати маориф номумкин мешуморанд.
Мирзо Аҳмадзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд: «Мувофиқи он Низомномае, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, бо ҳиҷоб омадани хонандагон ба мактаб манъ аст. Дар ин низомнома бо сарбанд ё рӯймол ва поҷома ба мактаб омадани духтарон пешбинӣ шудааст. Аммо фарқи либос набояд монеъ ба мактабхонии хонандагон гардад. Шояд, дар баъзе мактабҳо раҳбарият дар мавриди либоси мактабӣ аз ҳадди иътидол баромада бошанд».
Зимнан, дар дастури Вазорати маориф дар бораи либоси мактабӣ низ гуфта нашудааст, ки толибагони ҳиҷобпӯш ба мактаб роҳ дода намешаванд. Саидмухтор Ҷалолов, мудири идораи маорифи Суғд, дар робита ба ин масъала гуфт, ки то ба имрӯз ягон толибаи суғдӣ барои риоят накардани либоси ягонаи мактабӣ аз мактаб ронда нашудааст.
Аммо гузашта аз он, ки ҳиҷоб ва ё сатр дар дастури Вазорати маориф дар бораи либоси ягона ҷузъи либоси мактабӣ дониста нашудааст, теъдоди умдаи таҳлилгарон ва донишмандони умури исломӣ дар Суғд ба таълимгоҳҳо роҳ надодани духтарони боҳиҷобро нақзи ҳуқуқи исломии онҳо медонанд.
Ислом Ваққосов, як ҳуқуқшиноси мустақил дар шаҳри Хуҷанд, дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки Қонуни асосии Тоҷикистон ба ҳама сокинони кишвар озодии диниву мазҳабӣ ва иҷрои расму оинҳои динӣ, аз ҷумла дар бар кардани либоси мазҳабиро, кафолат додааст. Аз он рӯ, ки ҳиҷоб низ як ҷузъи аслии либоси исломӣ маҳсуб меёбад, манъ кардани истифодаи он аз тарафи духтарони мактабхон нақзи ҳуқуқи динии ишон аст.
Ба ҳамин тариқ, баҳси ҳиҷоб дар мактабҳои миёнаи Суғд, бо вуҷуди ин ки аз қабули Низомномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон дар бораи либоси ягонаи мактабӣ ду давраи таҳсил сипарӣ мешавад, ҳанӯз анҷом наёфтааст. Ва ҳанӯз ҳам аз ҷониби мақомоти идораҳои маорифи Тоҷикистон ин саволи асосӣ, ки ба чӣ хотир барои бо ҳиҷоб ба мактаб омадани духтарони намозхон шадидан мухолифат мекунанд, беҷавоб мондааст.