Эълони хуруҷи 70 000 сарбози Амрико аз Ироқ

Вазири дифоъи ИМА мегӯяд, кишвараш дар тӯли соли оянда даҳҳо ҳазор сарбози худро аз Ироқ хориҷ хоҳад кард.


Роберт Гейтс гуфт, шумораи феълии нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ, ки 170 000 сарбозро ташкил медиҳад, то охири соли 2008 ба 100 000 нафар поин хоҳад омад. Вале ӯ ишора кард, ки ин хурӯҷ ба вазъият дар Ироқ бастагӣ хоҳад дошт.


Дар ҳамин ҳол як гурӯҳи ошӯбгари марбут ба ал-Қоида дар Ироқ мавсум ба «Ҳукумати исломии Ироқ» эълом доштааст, сарони қабоили сунниро, ки бо ҳарбиёни амрикоӣ ва давлатиёни ироқӣ ҳамкорӣ мекунанд, ба қатл хоҳад расонд.


Ин ҳам дар ҳолест, ки ин гурӯҳи тундгаро ҳамчунин масъулияти куштори раҳбари як гурӯҳи сунниҳо Абдуссаттор Абуришаро дар вилояти Анбар бар дӯш гирифтааст.


Гуфта мешавад, дар расми дафни Абуриша дирӯз якуним ҳазор нафар, аз ҷумла бархе аз афсарони артиши Амрико дар Ироқ, ширкат карданд.