Озодии дин дар Тоҷикистон аз дидгоҳи Амрико

Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ба ҳаққи озодии бовари мардум қоил аст, аммо дар вазъи умумӣ чанд раванди ташвишовар ба мушоҳида расидааст. Чунончи, дар як соли гузашта ҳукумат назоратро ба фаъолияти ниҳодҳои мазҳабӣ шиддат дод ва агарчи гуфта мешавад, ягон масҷиди расмӣ баста нашудааст, чандин масҷиди номнависнашуда баста, тартиби сабти номи масҷидҳои навро мушкил гардондааст.




Вазорати маорифи Тоҷикистон пӯшидани ҳиҷобро дар макотиби оммавӣ манъ кард. Ҳукумат тартиби сабтиномро бо мақсади ихлол ба бархе аз фаъолиятҳои мазҳабӣ истифода мекунад. Баъзе аз созмонҳо ва афроди динӣ бо зарбулат, боздоштҳои муваққат ва бозпурсии мақомоти давлат рӯбарӯ шудаанд.




Дар гузориши солонаи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфта мешавад, ба сурати умум вазъи ақаллиятҳои динӣ дар Тоҷикистон мӯътадил аст, аммо чанд ҳодисаи боздошт ва муҳокимаи намояндагони адёни гуногун, манъи нашри адабиёти динӣ, мумониат ба баргузории маросими мазҳабӣ ба мушоҳида расидаанд.




Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида изҳори нигаронӣ мекунад, ки тарҳи феълии қонуни нави адён метавонад, озодии динро дар Тоҷикистон маҳдуд кунад.