Тоҷикистон ва Қазоқистон дар мавриди таъсиси як бунёди сармоягузорӣ бо маблағи 100 миллион доллар мувофиқа кардаанд.
Гуфта мешавад, ин бунёд ба манзури сармоягузорӣ ба тарҳҳои энержӣ ва кишоварзии Тоҷикистон таъсис шуда ва 80 дарсади он саҳми ҷониби Қазоқистон хоҳад буд. Нурсултон Назарбоев, ки зимни сафари расмии худ ба Душанбе ва мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт: «Мо дар мавриди бунёд ё сандуқи махсуси сармоягузорӣ, барои иқтисоди Тоҷикистон ба мувофиқа расидем. Ба назарам ин як кумаки муҳим аст. Самтҳои аслии фаъолияти ин бунёд сармоягузории бахшҳоест, ки мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб бошад».
Раиси ҷумҳури Қазоқистон ҳамчунин гуфт, Қазоқистон қасд дорад дар тамоми тендерҳое, ки Тоҷикистон барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ эълон мекунад ширкат кунад. Нурсултон Назарбоев ҳамчунин гуфт, ки бо ҷониби Тоҷикистон дар мавриди бо қимати камтар аз қиматҳои бозори ҷаҳонӣ фурухтани ғалла низ муовиқа шудааст ва
то поёни моҳи равон ниҳодҳои зирабт ин масъаларо ҳал хоҳанд кард.
Дар ҳам ҳол Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ изҳори умедоврӣ кард, ки созишномаҳои имзошуда амалӣ шаванд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки созишномаҳои миёни ду кишвар дар заминаи ҷалби сармоягузорӣ, интиқоли молу коло ва ҳавопаймоӣ, кишоварзӣ, илмӣ ва техникӣ ва фарҳангӣ низ ба имзо расиданд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе.