Дар вилояти Урузгони Афғонистон миёни толибон ва неруҳои НАТО задухурд ба вуқуъ пайваст. Ба иттилоъи ҳайъати фармондеҳии неруҳои байнулмилалӣ, дар ин даргирӣ 45 тан аз мусаллаҳон кушта шуданд.
Гуфта мешавад, задухурд бегоҳи чаҳоршанбе баъди он ба вуқуъ пайваст, ки толибон ба гуруҳи муштараки неруҳои НАТО ва артиши Афғонистон ҳамла карданд. Баъд аз шурӯъи даргирӣ ҳавопаймоҳои низомии НАТО ба кумак расиданд.
Дар ҳамин ҳол дар вилояти Пактиё имрӯз се тан гаравгонҳои боқимонда - кормандони як ширкати афғонии поксозии майнҳо озод карда шуданд.
Гуфта мешавад, 13 корманди ин ширкат як ҳафта пеш аз сӯи афроди ношиноси мусаллаҳ рабуда шуданд.
Мақомоти Афғонистон изҳор карданд, ки барои наҷоти гаравгонҳо маблағе пардохт нашудааст.