Имрӯз бо ширкати раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Турсунзода як мактаби миёнаи узбакӣ ба истифода дода шуд.
Гуфта мешавад, ин мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, ки ба маблағи 4 млн сомонӣ сохта шудааст, ба номи Алишери Навоӣ буда, барои 1640 хонанда дар назар дошта шудааст. Дар он 23 синфхона, аз ҷумла 2 синфи компютерӣ, ҷойгир шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки президент шахсан ба ин мактаб 10 адад компютер супорид ва акнун миқдори компютерҳои мактаб ба 34 адад расид.
Ҳангоми ифтитоҳи мактаб сардори давлат таъкид кард, ки рушди маориф самти умдаи сиёсати кишвар ба шумор меравад. Президент ҳамчунин гуфт, ки то соли нави таҳсил дар кишвар 96 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ боз шуданд, ки ба тозагӣ сохта ва азнавсозӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, мактаби дар ноҳияи Турсунзода сохташуда дар ин феҳрист 97-ум буда, қарор аст, ки то охири сол боз 37 мактаби дигари таҳсилоти ҳамагонӣ сохта ва истифода дода шавад.