Мақомоти Олмон эълом намуданд, се нафарро бо гумони ин дастгир карданд, ки қасд доштанд дар фурудгоҳи Франкфурт ва пойгоҳи низомии Амрико дар Олмон бомгузорӣ кунанд.
Вазири дифоъи Олмон Йозеф Йанг гуфт, ки хатари ин ҳамла ногузир будааст. Ба гуфтаи мақомот, муттаҳамон дирӯз боздошт шуданд, ки ду нафарашон шаҳрвандони Олмон ва саввумӣ табаъаи Туркия будааст.
Моника Ҳармс, додситони федеролии Олмон, эълом кард, гумонбарон ба гурӯҳи Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ робита доштаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Вазири умури дохилаи Олмон Волфганг Шоебл, Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ созмони терористие мустақар дар Узбакистон мебошад.
Гуфта мешавад, ҳарсеи онҳо соли 2006 дар урдугоҳҳои тамринии Покистон омӯзиш дидаанд.