Эъломи айбнома ба ду хабарнигори дигари тоҷик

еҳ
Додситонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ду хабарнигори дигар бо се банди қонуни ҷиноии ин кишвар айб эълон кардааст.


Саида Қурбонова, сардабири собиқи нашрияи «Овоза» ва яке аз муттаҳамин гуфт, ӯ ва Фарангис Набиева, хабарнигори дигарро додситонии ноҳияи Фирдавсӣ ҳудуди панҷ соат бозпурсӣ ва бо айбнома ошно кардааст.


Дар додситонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» дар ин маврид худдорӣ карданд.


Қаблан додситонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба Муҳайё Нозимова, низ яке аз се хабарнигори нашрияи Овоза айб эълон карда буд.


Хабарнигорон дар таҳқири шахсияти овозхон Райҳона Раҳимова муттаҳам мешаванд.