Маоши кормандони соҳаи иҷтимоӣ меафзояд

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон маоши кормандони соҳаи иҷтимоӣ дар кишвар 50 % зиёд шуд.


Маоши кории кормандони соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанги Тоҷикистон бар асоси ин фармон аз 1-уми октябри соли ҷорӣ якуним баробар меафзояд.



Барои афзудани музди кори ин афрод аз буҷаи давлатӣ беш аз 10 миллион сомонӣ муодили бештар аз 3 миллион доллар ихтисос дода мешавад. Гуфта мешавад, ин қарор ба мақсади беҳтар намудани вазъи кормандони ин соҳаҳо ва баланд гардонидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қабул шудааст.