Туркманистон 1 миллиард киловатт/соат барқ медиҳад

by
Тоҷикистон дар тирамоҳи соли ҷорӣ ва зимистони соли оянда аз Туркманистон як миллиард киловатт/соат барқ харидорӣ хоҳад кард. Созишномаи дарёфт ва харидории ин миқдор нерӯи барқ ахиран дар Ашқобод миёни Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик», ва раиси ширкати «Қувват»-и Вазорати энержии Туркманистон ба тасвиб расид ва ба қавли ҷаноби Самиев, тамоми ин барқро корхонаи тавлидоти алминиуми тоҷик ва ё «Талко» харидорӣ хоҳад кард.


Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик», бо таъйиди ин хабар, иттилоъ дод, ки ин ширкат дар мавриди интиқоли барқ аз тариқи шабакаҳои интиқоли барқи Узбакистон бо ин кишвар ба тавофуқ расидааст. Ба таъкиди ӯ, акнун Турманистонро лозим аст минтақаи чанд сол қабл тахрибкардаи хатҳои интиқоли барқро, ки ин кишварро ба шабакаҳои муттаҳидаи интиқоли барқи Осиёи марказӣ пайваст мекард, барқарор намояд.



Гуфта мешавад, аз 11 то 13-уми сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе нишасти Шӯрои энержии кишварҳои Осиёи марказӣ баргузор хоҳад шуд, ки интизор меравад яке аз масъалаҳои меҳварии он интиқоли воридоту содироти барқ аз тариқи шабакаҳои муттаҳидаи барқи Осиёи марказӣ хоҳад буд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе.