Тоҷикистон бо Перу барои 4/1 мубориза мекунад

Имрӯз, 29 август, соати расо 16 ба вақти Душанбе тими наврасони Тоҷикистон барои мавқеъ дар миёни ҳашт дастаи беҳтарини ҷаҳон бо тими Перу рақобат мекунад.


Ҳарду тим барои нахустин бор ба чунин марҳилаи Ҷоми футболи Ҷаҳон миёни наврасон роҳ ёфтаанд. Перу дар даври гурӯҳӣ ғайримунтазири коршиносон мақоми аввалро гирифтааст ва ягона тим дар ин сабқат аст, ки тӯбе ҳам ба дарвозааш роҳ надодааст. Тоҷикистон пас аз пирӯзӣ бар Амрико ва бозии ноком ва аммо баробар бо Белгияву Тунис таваҷҷӯҳи мухлисон ва коршиносонро ба худ ҷалб кардааст.


Пӯлод Қодиров, сармураббии тими Тоҷикистон гуфтааст, "иштирок дар чунин марҳилаи Ҷоми Ҷаҳон барои Тоҷикистон дастоварди таърихист. Ва аммо мо, ки акнун инҷоем, наметавонем, ки аз мубориза барои дастовардҳои бештари таърихӣ ба осонӣ даст бикашем."


Ба ҳамин тариқ, соати 16.00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи шаҳри Сувон дар Кореяи Ҷанубӣ бозии ҳаштякниҳоии Ҷоми Ҷаҳон миёни футболбозони навраси зери ҳабдаҳсола миёни Тоҷикистон ва Перу оғоз меёбад.