Кумаки нави Ҷопон ба Тоҷикистон

sf
Имрӯз Ҳукумати Ҷопон дар доираи барномаҳои кумакҳои билоивази худ ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳудуди 900 ҳазор доллар ихтисос дод.


Ин кумаки Ҳукумати Ҷопон аз 20 адад техникаҳои вазнини поксозии роҳҳо ва рафъи оқибати офоти табиъӣ иборат будааст, ки аслан ба навоҳии манотиқи кӯҳистони кишвар тақдим шудааст.


Хирошӣ Такахашӣ, сарпарасти сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, пас аз хатми маросими супоридани техникаи сангин ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, қисмати бештари ин булдозеру экскаваторҳо барои бартараф сохтани оқибатҳои табиъӣ ва тозаву тармим кардани ҷоддаҳои манотиқи кӯҳистони кишвар пешбинӣ шудааст.


Ба гуфтаи Маҳмадулло Ҳалимов, муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, Ҷопон аз соли 1996 то ба имрӯз дар доираи кумакҳои иҷтимоӣ ва билоивази худ ба Тоҷикистон ҳудуди 200 лоиҳаро ба маблағи беш аз 12 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардааст.