Дар пайи силсилатаркиши бомбаҳо дар шаҳри Ҳайдаробод, ҷанубии Ҳиндустон, дирӯз шом дасти кам 42 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тан маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳодиса дар як минтақаи серҷамъияти шаҳр, макони ҷойгиршавии тарабхонаҳои зиёд рух дод. Мақомот тахмин мезананд, ки ин амал метавонад кори дасти тудндгароҳои исломии мустақар дар Банглашед ва Покистон бошад.
Феълан, амалиёти поккории маҳал аз паёмадҳои ин таркишҳо идома дорад. Дар миёни қурбониҳо аксар занҳо, кӯдакон ва мактабхонону ҷавонон буданд.
Гуфта мешавад, ки баъди ин таркиш дар саросари ин шаҳри омехтаи ҳиндуҳову мусалмонҳо, дар толори синимову истгоҳҳои автобус ва роҳҳои пиёдагард 19 маводи таркандаи соатдор ошкор ва безарар гардонида шуд.
Раҷекашара Редди, вазири аёлати Андар Прадеж, гуфт, ки дар миёни қурбониён ҳам мусалмонҳо ҳастанду ҳам ҳиндуҳо. Вай инчунин гуфт, ки тибқи иттилои мақомот, ташаккулҳои террористии мустақар дар Бангладеш ва Покистон дар паси ин таркишҳо қарор доранд. То ҳанӯз ҳеҷ ҷонибе ё гурӯҳи масъулияти таркишҳои дирӯзаро ба гардан нагирифтааст, аммо расонаҳои маҳаллӣ гузориш медиҳанд, ки имкон дорад ин кори дасти гурӯҳи бангладешии Ҳаракатул Ҷиҳоди Исломӣ бошад.