Чехия номзадии чехро дастгирӣ накард

шф
Йозеф Тошовский, собиқ раҳбари Бонки марказии Ҷумҳурии Чех, ки аз ҷониби Русия ба курсии мудири иҷроияи Сандуқи байналмилалии пул пешбарӣ шудааст, аз пуштибонии ватанаш баҳраманд нест.


Вазири молияи Ҷумҳурии Чех Мирослав Калоусек гуфт, ин кишвар на аз Тошовский, балки аз номзадии Доминик Страус-Кани фаронсавӣ пуштибонӣ мекунад, зеро ӯ номзади Иттиҳодияи Аврупо мебошад.


Имрӯз, 22 август Вазорати молияи Русия изҳор намуд, ки намояндаи Русия дар Шӯрои мудирони Сандуқи байналмилалии пул Тошовскийро ба курсии мудири ҷроияи ин муассисаи байналмилалии молӣ пешниҳод кардааст.