Шонҳой бо Афғонистон ҳамкории бештар мехоҳад

Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шонҳой изҳор намуд, ки ин созмон нақша дорад, бо Афғонистон ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳамоҳангӣ дар мубориза бо терроризму қочоқи маводи мухаддирро тавсеа бахшад.


Имрӯз, 22 август, аснои суханронӣ дар шаҳри Пекин Булот Нургалиев гуфт, ки нооромии Афғонистон таҳдиди ҷиддӣ ба шаш узви Созмони ҳамкориҳои Шонҳой, яъне Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон аст.


Ӯ афзуд, ки соли оянда созмон тасмим гирифтааст, ки барои баррасии мушкили Афғонистон як конфронси минтақавӣ барпо намояд.