Пирӯзии нахустини Тоҷикистон дар Ҷоми Ҷаҳон

ҳф
Тӯбҳои Фарҳод Восиев, Самад Шоҳзуҳуров, Нуриддин Давронов ва Фатҳулло Фатҳуллоев барои тими Тоҷикистон нахустин пирӯзӣ дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон оид ба футбол миёни наврасони зери ҳабдаҳ сол дар Кореяи Ҷанубиро оварданд.


Аввалин шаҳди нокомӣ аз пойи наврасони тоҷикро ҳамсолони онҳо аз ИМА чашиданд. Ҳарчанд қабл аз бозӣ аксари коршиносон ғалабаро дар дасти амрикоиҳо медиданд, аммо футболбозони тоҷик ҳамон гунае, ки соли гузашта дар Сингапур барои ҳама сюрприз нишон медоданд, дар ин ҷо низ бозии сингопурии худро идома доданд.


Тоҷикистон 4 - 3 ИМА.


Тӯбҳоро аз тими Тоҷикистон инҳо заданд:
Ф. Восиев дақ 32, С. Шоҳзуҳуров дақ. 43, Н. Давронов дақ. 82 ва Ф. Фатҳуллоев дақ. 86


Оғози бозӣ ҳадси коршиносон дар мавриди пирӯзии осони амрикоиёнро қариб буд ба яқин табдил медод. Ҳанӯз дар дақиқаи нуҳум амрикоиён ҳисобро боз намуданд. Аммо тадриҷан футболбозони тоҷик тӯбро зери пои худ гирифта бозиро ба нимаи майдони амрикоиён будрданд ва қабл аз он ки ба танаффус бираванд, ду тӯб зада дар пеш шуданд. Қисми дуввум низ комилан нусхаи қисми аввали бозӣ буд. Амрикоиён аввал ҳисобро баробар намуданд, сипас ба пеш гузаштанд. Аммо дар даҳ дақиқаи охир ду тӯби дигар вориди дарвозаи ИМА шуд ва бозӣ бо ҳисоби чаҳор бар се ба нафъи Тоҷикистон анҷом ёфт.


Ҳамин гуна, Тоҷикистон пас аз бозии аввал се хол ба даст овард. Бозии дуввуми Тоҷикистон рӯзи 23 август бо Белгия хоҳад буд.