Зодрӯзи Сино ва иди пизишкони тоҷик

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони риштаи тиб ҷашн гирифта шуд ва печидагиҳои соҳа мавриди гуфтугӯ қарор гирифт ва ришвату фасод дар беҳдошту тандурустӣ аз мушкилоти умда номида шуд. Тибқи гоҳшумориҳои қадимӣ 18-уми август зодрӯзи падари пизишкони тоҷик Абуалӣ ибни Сино ба шумор меравад. Аммо дар паёми идона аз дастовардҳои ворисони Сино дида, бештар аз нуқси зиёд ва гуногуни фаъолияти онҳо сухан рафт.


Ин пеш аз ҳама ба рукуди илми тиб дар кишвар, фирори мутахассисони арзанда ва камбуди насли нави коршиносони асил, нарасидани таҷҳизоти пешрафтаи пизишкӣ ва дорувор, номуайяниҳо дар барномаи тибби пулакӣ ва мавҷудияти ришвату фасод дар соҳаи беҳдошт ва табобат бастагӣ дошт. Вазири тандурустии Тоҷикистон Раъно Абдураҳмонова аз ин ҷумла фасодро як мушкили умда номид ва гуфт, Вазорати тандурустии Тоҷикистон мебориза бо фасодро густариш додааст.


Вай афзуд, ин вазорат аз он нигарон аст, ки бо вуҷуди таҳсили садҳо нафар аз ҷавонон дар Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ Сино, шумори хеле ками онҳо ба кори шифои мардум машғул мешавад ва камбуди пизишкони хуб дар муассисаҳои тиби Тоҷикистон ҳазорон нафарро ташкил медиҳад.