Сафари Э. Раҳмон ба Озарбойҷон

Қарор аст, фардо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ вориди Озарбойҷон шавад.


Ба иттилоъи расмӣ, дар ҷараёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои озарии худ Илҳом Алиев дидору мулоқот мекунад ва интизор меравад, ки миёни Тоҷикистону Озарбойҷон 9 қарордоди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун имзо хоҳад шуд.


Гуфта мешавад, соли гузашта табодули мол миёни ду кишвар 11 дар сад афзудааст.