Ҳалокати журналистони мухолифи давлат дар садамаҳои роҳ

Брюс Паннир Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, марги журналисти 37-сола Сокин Тавҷоновро як садамаи роҳ номиданд, аммо...
Сокин Тавҷонов ҳангоми убури кӯча дар маркази Алмато рӯзи дуввуми август зери як мошини боркаш монда, ба ҳалокат расид. Ягон далеле ки ин хулосаи расмиро рад кунад, вуҷуд надорад. Вале марги нобаҳангоми бархе аз журналистони дигари қазоқ дар айни чунин ба истилоҳ, фалокатҳои ногаҳонӣ дастикам шубҳаангез аст.

Розлана Токина, раиси созмони ғайридавлатии Журналистон дар изтироб мегӯяд, дар чанд соли охир ҳафт журналисти қазоқ дар айни чунин садамаҳо ҷон доданд ва ҳамаи онҳо, бидуни истисно, аз мунаққидони ҳукумат буданд.

Розлана мегӯяд, "бунёдгузори рӯзномаи "Евразия", Алексей Пугаев дар соли 2002 дар сонеҳа фавтид, Нурӣ Муфтоқро дар истодгоҳи автобусҳо як автобус пахш кард, Асқад Шарифҷонро гуфта мешавад, дар соати даҳи шаб мошин зад, Юрий Боев, ки парвандаи Қазоқгейтро мепажӯҳид, зери мошини боркаш монд, Ботурхон Даримбетро, ки собиқ корманди радиои Озодӣ буд ва дар рӯзномаи "Озод" кор мекард, низ мошин зад. Ҳамаи онҳо дар муносибат ба ҳукумат лаҳни тунде доштанд. Ба назар мерасад, садамаҳои журналисткуш хеле зиёд шудаанд."

Ҳамкори Сокин Тавҷонов дар сомонаи интернетии Куб Ка Зет, Имрон Эргалиев мегӯяд, Сокин ҳамчун журналист як сабки бисёр тунд ва мантиқи қавӣ дошту ҳамчун шаҳрванд муборизи адл ва ҳақиқат буд. Вай ба мансабдорон, аз ҷумла президенти дерина ва қудратманд Нурусултон Назарбоев, раҳм намекард ва нуқси кори онҳоро бе дурӯягӣ дар миён мегузошт. Дар мақолаи ахиран вай Назарбоевро ба қаҳрамони афсонаи "Шрек" монанд карда буд, ки ба хотири манфиати худаш аз ҳеч чиз рӯ наметобад.

Аммо гоҳо журналистони тундҳарф ва танқидгар на танҳо дар садамаи роҳ кушта мешаванд. Моҳи марти соли равон хабарнигори рӯзномаи "Қонун ва адолат" Оралгайша Умаршонова батамом бенишон шуд ва то ҳоло маълум нест, куҷост. Ҳарчанд аҳли хонавода ва ҳамкоронаш умедворанд, ки рӯзе бармегардад.