Ҳукумати Афғонистон ба толибон гузашт карданӣ нест

Ба иттилоъи мақомоти расмии Афғонистон, имрӯз дар вилояти Ғазнии ин кишвар ҷасади чаҳор вакили мудофеъ, ки ду ҳафта пеш онҳоро гурӯҳи «Толибон» гаравгон гирифта буданд, ошкор шуд.


Намояндаи «Толибон» ба хабаргузории «Франс-Пресс» гуфтааст, ки вакилони мудофеъ барои ҳамкорияшон бо ҳукумат кушта шудаанд.


Ва, дар ҳоле, ки имрӯз муҳлати зарбулаҷали навбатии «Толибон», ки феълан 21 гаравгон кореиро дар банд нигаҳ медоранд, ба поён расидааст, дар бораи сарнавишти гаравгонҳо иттилоъе ба даст наомадааст.


Қаблан намояндаи Толибон гуфта буд, ки ду тан аз хонумҳои кореягӣ ҷиддан маризанд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти ҳукумати Афғонистон аз озод кардани 8 фармондеҳи «Толибон» ба ивази раҳоии гаравгонҳои кореӣ сарпечӣ мекунанд.