Раиси дастаи музокиракунандаи ҳукумати Афғонистон, Ваҳидуллоҳ Муҷаддадӣ ҳалокати шаҳрванди Кореяи Ҷанубиро ба дасти толибон тасдиқ кард. Мақоми афғон гуфтааст, ҷасади шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ бо даҳ захми тир пайдо шудааст.
Шоми дирӯз, сухангӯи ҷумбиши Толибони Афғонистон гуфт, ҳукумати Афғонистон ҳашт толиби маҳбусро озод накард ва сабабгори қатли ин гаравгон гардид. Вай инчунин таҳдид кард, ки агар рӯзи панҷшанбе низ талаби раҳоии маҳбусон иҷро нашавад, толибон теъдоди бештаре аз гаравгонҳоро хоҳанд кушт.
Аммо, дар Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ, хабаргузории Ёнҳап ба нақл аз манбаъи номбарнашудаи ҳукумати Корея иттилоъ дод, ки гӯё ҳашт гаравгон озод шудаанд. Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ вале гуфт, ин хабарро тасдиқ карда наметавонад. Ва мақомоти маҳаллии Афғонистон онро рад карданд.
Гаравгонҳо, ки ҳафтаи гузашта дар Ғазнӣ рабуда шуданд, аз ҳаждаҳ зан ва панҷ мард иборатанд. Онҳо замоне ба асорат афтоданд, ки аз кори довталабона дар шифохонаи Қандаҳор ба Кобул бармегаштанд. Ёрдамчии волии Ғазнӣ, Зиё Валӣ ба Озодӣ гуфт, гуфтушунид бо Толибон сахт аст, зеро онҳо муттаҳид нестанд ва талабҳои гуногун ба миён мегузоранд.