Радиои Арманистон Радиои Озодиро пахш кардан намехоҳад

Радиои ҷамоатии Арманистон аз имзои созишномаи нав барои идомаи пахши барномаҳои Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ сарпечӣ кард.


Масъулини ин Радио бо вуҷуди талошҳои ҳалли мушкилоти марбут ба созиши нав дар музокирот дар Ереван, ки се рӯз идома дошт, ба имзои санад розӣ нашуданд. Тибқи созиши ҷадид, бояд Радиои ҷамоатии Арманистон пахши барномаҳои армании Радиои Озодиро идома медод.


Чанде пеш парлумони Арманистон талош кард, пахши барномаҳои радиову телевизиони хориҷӣ аз сӯи расонаҳои маҳаллиро манъ кунад ва аммо ба ин муваффақ нашуд.