Толибон як гаравгони кореягиро қатл карданд

Намояндаи ҷунбиши Толибон изҳор кард, ки дар посух ба иҷро нашудани талабашон аз сӯи мақомоти Афғонистон, як гаравгон аз Кореяи ҷанубӣ ба қатл расонда шуд. Қорӣ Муҳаммад Юсуф Аҳмадӣ гуфтааст, ки ин ҳодиса рӯзи 25 июл, соати чаҳору ним баъд аз зуҳр ба вақти маҳаллӣ ба вуқуъ пайваст.


Ӯ афзуд, ки агар ҳукумати Афғонистон толибони зиндониро бо гаравгонҳо иваз накунад, ҳама гаравгонҳо кушта мешаванд.


Дар ҳамин ҳол Меъроҷиддин Паттон – волии вилояти Ғазнӣ гуфт, Толибон раҳоии 24 зиндониро талаб доранд ва аммо фақат рӯйхати 8 нафарро доданд.


Бисту се шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ - 18 зан ва 5 мард – кормандони як созмони хайрияи масеҳӣ чанд рӯз пеш дар вилояти Ғазнӣ аз сӯи Толибон рабуда шуданд. Иттилоъ дар бораи қатли яке аз гаравгонҳо то ҳол аз сӯи мақомоти Афғонистон таъйид нашудааст.