Таъвиқи мурофиаи шаҳрванди тоҷик дар додгоҳи Русия

CA
Мурофиаи Наимҷон Ёқубов, як шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон дар Додгоҳи шаҳри Подолски вилояти Маскав то як моҳи дигар ба таъхир гузошта шуд.


Сабаби ба таъхир гузошта шудани мурофиа ҳозир нашудани вакили мудофеъ будааст.


Наимҷон Ёқубов ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мешавад ва инак се сол аст, ки дар интизори баррасии парвандааш дар боздошт ба сар мебарад.


Ӯ дар як гуфтугӯ, ки бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз зиндон дошт, иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо бепоя хонда буд.