Зиндонӣ шудани ду раҳбари мухолиф дар Белорус

Додгоҳи Беларус ду раҳбари мухолифи давлатро барои 15 рӯз равонаи зиндон кард.


Раиси Ҷумбиши ҷабҳаи ҷавонон Павел Северянетс ва ҳамраиси Ҳизби демократҳои насронии Беларус Алексей Шейин дар интишори адабиёти ғайриқонунӣ муҷрим дониста шуданд.


Полис онҳоро рӯзи душанбе, 23 июл дар ҳоле боздошт кард, ки мехостанд, варақаҳои даъват ба тазоҳуроти мухолифонро тақсим мекарданд.