Путин тафаккури Бритониёро мустамликадорӣ номид

Президенти Русия Владимир Путин Бритониёро зимни талаби истирдоди Андрей Луговой ба тафаккури мустамликадорӣ айбдор кард.


Русия тибқи қонуни асосии худ ин талабро рад кард, дар ҳоле ки Бритониё Луговойро гумонбари асосии қатли Александр Литвиненко, собиқ афсари хадамоти амнияти Русия медонад.


Путин мегӯяд, пешниҳоди Бритониё ба тағйири қонуни асосии Русия беэҳтиромист ва Лондон бояд мағзи худро иваз кунад.