Боз як ниҳод дар ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё

Кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Маскав ба таъсиси ниҳоди раҳбарикунандаи Иттиҳоди гумрукӣ ризоият дод.


Ин шӯрои байнидавлатӣ бояд заминаҳои ҳуқуқии иттиҳоди гумрукӣ ва фазои ягонаи иқтисодиро таҳия кунад.


Ноиби сарвазири Русия Сергей Наришкин дар шаҳри ин хабар нагуфт, ки саҳми кишварҳои узв дар ин шӯро вазни овози онҳо чигуна хоҳад буд.


Русия, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон узви ҷомеаи АвруОсиё буда, Арманистон, Молдова ва Укроин дар он мақоми нозирро доранд.