Ахиран Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, иқрор кард, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли 2007-ум 50 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боз гардид, ки дар боздоштгоҳҳои муваққативу зиндонҳои Тоҷикистон бо суиистифода аз мақоми худ баъзан афроди дастгиршударо мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор додаанд: «Ҳамасола беш аз 100 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои иртикоби ҷиноятҳои вазнин дар замони бозҷӯӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аллакай нисбат ба 50 нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки маҳбусонро шиканҷа додаанд, мо парвандаи ҷиноӣ боз кардем. Аммо бояд бигӯям, ки ҳамаи инҳо маҳбусонро шиканҷа надодаанд. Баъзеҳоро задаанд ва баъзеҳоро ғайриқонунӣ ба муддати тӯлонӣ дар боздоштгоҳ нигоҳ доштаанд».
Додситони кулл ҳамчунин гуфт, ки парвандаи ҷиноиро аслан дар заминаи муроҷиатномаи зиндониён ва таҳқиқи кормандони додситонӣ ба ҳангоми санҷиш боз мекунанд. Аммо, ба бовари аксарияти ҳуқуқдонҳои мустақил, бо ин ҷурм танҳо ҳудуди 20 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равонаи маҳбас мешаванд.
Муддати чанд сол аст, ки созмонҳои байнулмилалӣ низ аз таҳқир, шиканҷа ва зарбу лати боздоштшудагон дар зиндонҳои кишвар изҳори ташвиш мекунанд.
Паём Фурӯғӣ, як масъули ҳуқуқи башари САҲА дар Тоҷикистон, аз сӯи кормандони мақомоти қудратӣ шиканҷа шудани маҳбусонро нақзи ҳуқуқи инсон медонад. Вай мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз ба дархости созмони байнулмилалии «Салиби сурх» дар мавриди хоҳиши боздид кардани намояндагонаш аз зиндонҳои кишвар иҷозаи расмӣ надодааст, ва аз ҳамин сабаб ин созмон дар ин робита то ҳол иттилоъи комил надорад: «Иллати аслии камбуди иттилоъ ин аст, ки мо иҷозаи боздид аз зиндонҳоро надорем. Аксари давлатҳои дунё ба созмони бонуфузи «Салиби сурх» ҳамеша иҷозат медиҳанд, то аз зиндонҳои кишварашон боздид карда, аз вазъи зиндониён хабар гирад».
Оқои Фурӯғӣ афзуд: «Ҳарчанд ахбороте, ки онҳо мегиранд, миёни созмон ва ин давлат маҳфуз мемонад, дархости онҳо дар мавриди боздид аз зиндонҳои Тоҷикистон, мутаассифона, аз ҷониби мақомоти зирабти кишвар ҳатто боре ҳам бароварда нашудааст. Муддати мадид аст, ки созмони «Салиби сурх» аз вазъи зиндониён дар Тоҷикистон хабар нагирифтааст. Аммо бо вуҷуди ин, мо ҳамоно хоҳони он ҳастем, ки ҳукумати Тоҷикистон ба созмони байнулмилалии «Салиби сурх» иҷозаи расмии боздид аз зиндонҳоро бидиҳад».
Дар ин авохир Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид низ бо пахши як баёния аз давлатҳои Алҷазоир, Узбакистон, Куба ва, махсусан, Тоҷикистон ба унвони кишварҳое ном бурдааст, ки дар қаламравашон ҳуқуқи инсон аз сӯи мақомоти давлатӣ рӯирост поймол мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ҳангоми суҳбат бо модари як зиндонӣ, ки аз чигунагии боздошт шудани фарзанди худ нақл мекард, пурсидам, оё ҳангоми боздидаш аз зиндон фарзанди ӯ аз вазъи сиҳҳати худ ва шиканҷаву озори зиндонбонҳо чизе мегӯяд?
Ин модар, ки аз баёни исмаш худдорӣ кард, гуфт, вақти бозҷӯӣ кормандони боздоштгоҳҳои муваққатӣ аз нерӯи барқ ҳам истифода карда, фарзанди ӯро зарбу лату шиканҷа додаанд. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Маҳбусонро хобашон барад, мезадаанд. Агар бинанд, ки чашмашон пӯшида аст, зада ягон ҷояшонро мешикастаанд. Дар як рӯз ҳамагӣ 10-12 дақиқа барои сайругашт ба ҳавлии зиндон мебаровардаанду халос. Ақаллан як соат бароварда ва дар ҳавои тоза мегузоштанд, ҳоли онҳо шояд камтар беҳ мешуд».
Дар поёни суханаш ин модар бо ҳасрату дард мегӯяд: «Ҳамин хел, бачам, дигар дар ин Ватан мусулмонигарӣ ҳам намондааст...»
Дар ин робита Шуҳрат Қудратов, як вакили мудофеъ, бар ин назар аст, ки ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳанӯз маънои хотима додан ба шиканҷаи маҳбусонро надорад. Ин вакили мудофеъ, ки қаблан дар сохторҳои интизомии кишвар кор кардааст, мегӯяд, ҳангоми бозҷӯӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба боздоштшудаҳо зарбу лат ва ё фишорҳои равониро раво мебинанд, то онҳо барояшон баёноти лозимро диҳанд.
Лозим ба тазаккур аст, ки бахши аъзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ин амали худро дуруст арзёбӣ мекунанд. Ба ақидаи онҳо, дар сурати шиканҷа надодани муттаҳамин баъзеи онҳо ҷинояти кардаи худро бар дӯш намегиранд...
Ин ҳам дар ҳолест, ки на қонунҳои кишвар ва на қавонини байнулмилалӣ чунин амалро ба онҳо намедиҳад.