Ва имрӯз нозирони Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ бо мақомоти расмии Ирон дигарбора барои хотима додан ба бӯҳрони ҳастаии ин кишвар гуфтугӯ карданд. Музокироти дирӯзаи онҳо дар шаҳри Теҳрон зоҳиран бидуни пешрафте анҷом пазируфтааст. Раиси ҷумҳури Ирон Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи чаҳоршанбе гуфт, кишвараш омодааст, ба суолҳои боқимонда доир ба барномаҳои атомиаш посух бигуяд, аммо онгуна ки кишварҳои Ғарбӣ мехоҳанд, фаъолиятҳои ғанисозии уранро мутавақиф нахоҳад кард.
Ин музокирот чанд рӯз баъд аз он сурат мегирад, ки Муҳаммад Ал Бародаӣ раиси Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гуфт, Ирон фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро камтар кардааст.
Ин музокирот чанд рӯз баъд аз он сурат мегирад, ки Муҳаммад Ал Бародаӣ раиси Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гуфт, Ирон фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро камтар кардааст.