Ҳамкории давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ

Шг
Имрӯз дар Душанбе ҳамоиши байнулмилалӣ мавсум ба «Ҳамкории муштараки давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ: таҷриба, натоиҷ ва дурнамо» баргузор мегардад.


Конфронс аз сӯи як созмони ҷамъиятӣ бо ҳамдастии ҳукумати Тоҷикистон ва Институти «Ҷомеа боз» ташкил шуда, барномаи он аз баррасии масоили муҳоҷират, хушунати хонаводагӣ ва омӯзиши гендерӣ иборат аст.


Қарор аст, ки дар кори конфронс намояндагони сохторҳои давлатии Тоҷикистон ва коршиносон аз Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат намоянд.


Интизор меравад, дар натиҷаи ҳамоиш ба ҳукумати Тоҷикистон тавсиянома ва муроҷиатнома таҳияву пешниҳод гардад.