НАТО Толибонро шикаст медиҳад, аммо...

Фармондеҳи аршади Фаронса дар Афғонистон мегӯяд, ки нерӯҳои НАТО тавоноии шикасти қувваҳои Толибонро доранд, вале аз тамомии қудрати худ истифода намекунанд.


Генерал Пйер Ришар Кон ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, агар нерӯҳои Паймони Атлантики Шимолӣ аз тамоми қудрати худ истифода кунанд, Толибонро ба зудӣ шикаст хоҳанд дод.


Генерали фаронсавӣ меафзояд, ки ба хотири пешгирӣ аз талафоти ғайринизомиёни афғон неруҳои онҳо аз тамоми силоҳҳои зарурӣ истифода намекунанд. Низомиёни НАТО ба иллати куштани ғайринизомиёни афғон ҳангоми амалиётҳояшон мавриди интиқод қарор гирифтаанд ва фармондеҳи фаронсавӣ Толибон айбдор кард, аз ғайринизомиён ба унвони сипари зинда истифода мекунанд.