Русия дар Узбакистон сармоягузорӣ мекунад

Ноиби аввали сарвазир Русия Сергей Иванов сафари худ ба Узбакистон ва мулоқоташ бо президент Ислом Каримов ва сарвазир Шавкат Мирзиёевро мусбат ва пурсамар номид.


Русия ва Узбакистон дар ин сафар дар бораи густариши ҳамкориҳо ва ҷалби сармояи Русия ба иқтисодиёти Узбакистон ба созиш расиданд. Қарор аст ширкатҳои Лукойл ва Газпроми Русия барномаҳои густардаеро оғоз кунанд.


Ду кишвар ҳамчунин созишномаи танзими муҳоҷирати корӣ аз Узбакистон ба Русияро ба имзо расонданд. Иванов гуфт, Узбакистон ягона кишварест, ки бо он чунин қарордод баста шудааст. Ҳамчунин Узбакистон ба узвияти маркази ғанисозии ураниуми Русия шомил гардида, тарҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар умури кайҳонӣ омода шудааст.