KB
Пулиси Ироқ дар бораи ошкор шудани ҷасади 20 марде хабар дод, ки бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд.
Гуфта мешавад, ки афроди мусаллаҳи ношинос онҳоро дар шаҳри Салмон Пак, воқеъ дар ҷануби Бағдод, ба қатл расонидаанд.
Дар ҳамин ҳол, дирӯз дар Бағдод бар асари инфиҷори мошини ҳомили маводи тарканда 25 нафар кушта ва тақрибан 40 каси маҷрӯҳ шуданд. Сухангӯи неруҳои амниятии Ироқ генерал Қосим ал-Ато ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса дар минтақаи шианишини Байя, дар канори истгоҳи автобус рух додааст. Бар асари ин ҳодиса ҳамчунин 40 мошин ба коми оташ фурӯ рафтааст.
Тибқи як хабари дигар, бар асари инфиҷори бамби канори роҳ дар ҷануби кишвар се низомии бритониёӣ кушта шудаанд. Ба иттилоъи расмӣ, шоми рӯзи чаҳоршанбе дар ҷануби шарқии шаҳри Басра бар асари ба майни пинҳон бархурдан мошини онҳо инфиҷор кард ва дар ин ҳодиса як сарбози дигари бритониёӣ ҷароҳат бардошт.
Дар ҳодисаҳои ҷудогона низ дар Бағдод таййи шабонарӯзи гузашта ду низомии амрикоӣ кушта ва як сарбози дигар захмӣ шуданд.