Саламшо Муҳаббатов - фармондеҳи аршади нируҳои мусаллаҳи мухолифини пешини тоҷик, тасмим гирифтааст нашрияи «Азия плюс»-ро барои чопи як матлаб дар мавриди қатли бародараш Муқимшо Муҳаббатов ба додгоҳ бикашад.
«Азия плюс» таҳти унвони «Афсари тоҷик ба хотири напардохтани қарз аз маводи мухаддир кушта шудааст» матлаберо дар робита ба ҳодисаи куштори Муқимшо Муҳаббатов - муовини фармондеҳи як воҳиди нируҳои марзбони тоҷик дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, дар шумораи рӯзи саввуми июни худ мунташир карда, бо такя ба маълумоти як манбаи вобаста ба сохторҳои қудратии кишвар навишт, ки Муқимшо Муҳаббатов барои напардохтани пули 200 кило маводи мухаддир аз сӯи чаҳор тан аз қочоқбарони афғон кушта шудааст.
Саламшо Муҳаббатов, мӯътақид аст, ки нашрияи «Азия плюс» бо нашри ин матлаб ҳайсияти бародарашро доғдор ва гузашта аз ин ба ӯ тӯҳмат задааст. Дар ҳамин ҳол Саид Шарифов, аз ашхоси боэътимоди Саламшо, ки масъулияти таҳияи аснод ва шикоят ба додгоҳро дорад, гуфт, оғои Муҳаббатов барои ҷуброни зарари маънавӣ аз «Азияи плюс» 100 000 доллар талаб хоҳад кард.
Аммо Наргис Ҳамробоева - муаллифи матлаби мазкур дар нашрияи «Азия плюс» гуфт, ба манобеи худ, ки ин хабарро дар ихтиёри ӯ қарор додаанд, итминон дорад ва дар сурати ба додгоҳ кашидани қазия ҳозир аст аз мавқеи худ дифоъ кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Саид Шарифов шахси боэътимоди Саламшо Муҳаббатов, фарзияи ширкати М. Муҳаббатов дар қочоқи маводи мухаддир, дар маводи тафтишотии ниҳодҳои интизомӣ низ ҷо надоштааст.
М. Муҳаббатов - муовини фармондеҳи як воҳиди низомии нируҳои марзбонии Тоҷикистон ва аз фармонеҳони пешини мухолифин, якуми июни соли равон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар дохили мошинаи хидматиаш аз сӯи афроди номаълум бо зарби тир кушта шуд.
Ӯ бародари С. Муҳаббатов - фармондеҳи аршади неруҳои мусаллаҳи мухолифини пешини тоҷик буд, ки баъди имзои Созишномаи сулҳи миёни тоҷикон бо нируҳои ҳукуматӣ ҳамойиш карда, ба фаъолияти низомӣ пардохта буд.