Дар София ба ҷони Буш суиқасд омода шуда буд

Дар Булғористон бо гумони даст доштан дар тарҳи суиқасд ба ҷони раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш панҷ нафар боздошт шуданд.


Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Булғористон, як нафар боздоштшуда намояндаи гурӯҳи исломгарост, ки талош дошт ба Ҷорҷ Буш наздик шавад.


Ҳамчунин се мард ва як хонуме дастгир шудаанд, ки қаблан ба Ҷорҷ Буш ва раисиҷумҳури Булғористон Георгий Пирвонов таҳдиди лафзӣ карда буданд.