Юшенко ба вакилон таҳдид мекунад

Раисиҷумҳури Укроин Виктор Юшенко таҳдид кард, ки агар вакилони маҷлис қонунҳои марбут ба интихоботи зудҳангомро то 31-уми май қабул накунанд, вай яке аз рӯзҳои ду моҳи ояндаро рӯзи интихобот эълон хоҳад кард. Юшенко муҳлати фаъолияти порлумонро то поёни дирӯз, 31-уми май, тамдид карда буд, то қонунҳои зарурӣ ба тасвиб расанд.


Вай ва рақибаш сарвазир Виктор Янукович якшанбеи гузашта ба созиш расиданд, ки интихоботи пешазвақти порлумонӣ дар 30-ми сентябри имсол баргузор шавад.