Дирӯз, 25-уми май, дар шаҳри Ялтаи Укроин созишномаи таъсиси бозори умумии нерӯи барқ дар Ҷомеаи кишварҳои маштаракулманофеъ аз тарафи Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба имзо расид.
Ин дар ҳолест, ки худи Укроин, мизбони нишаст, ба паймон шарик нашуд. Узбакистон бошад умуман аз ширкат дар он худдорӣ кард.
Ғуломиддини Сайфиддин, коршиноси умури инержӣ, мегӯяд, барои Тоҷикистон узвият дар бозори инержӣ дар ҳоле муҳим хоҳад буд, агар Узбакистон низ узви он бошад, зеро тиҷорати нерӯи барқ дар байни ин ду кишвар тибқи муқаррароти гуногун сурат мегирад.
Ба ақидаи Ғуломиддини Сайфиддин узвияти Узбакистон дар созишномаи таъсиси бозори умумии нирӯи барқ дар Ҷомеаи кишварҳои маштаракулманофеъ метавонист, сиёсати нархи нерӯи барқро дар байни ду кишвар ба шакли беҳтаре танзим кунад.