cr
Раисҷумҳури Беларус Алексондр Лукашенко баъд аз мулоқот бо раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар Минск гуфт, ки кишвараш метавонад як кони нафтро дар Ирон мавриди коркард қарор диҳад.
Ин кон, ба гуфтаи ӯ,метавонад рӯзона даҳҳо ҳазор бушка нафт тавлид кунад.
Раисҷумҳури Ирон барои як сафари дурӯза вориди Белорус шуда буд. Дар ҷараёни мулоқот, ки аз телевизиони Беларус пахш мешуд, Лукашенко гуфт, ду тараф имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ доранд ва дар ҳама самтҳо омода ба чунин ҳамкориянд.
Сухангӯи раисҷумҳури Беларус гуфт, ҳамкориҳои Минску Теҳрон ба сатҳи коршарикии стратегӣ расидаанд. Минск пас аз сардии равобиташ бо Русия ба таври фаъол дар ҷустуҷӯи манобеъи нави энержӣ буд.