Бобо Комилов дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ин барои дувумин бор аст, ки ба Додгоҳи олӣ шикоят мебарад. Қаблан додгоҳи ноҳияи Фархор қазияро ба нафъи Бояков анҷом дода будааст: «Агар чунин одамони мансабдор аз вазифаи худ сӯйиистифода карда, нони даҳони мардуми бечораро кашида бигиранд, дигар чӣ кор кунем? Мо доди худро ба кӣ гӯем? Одаме, ки замини моро кашида гирифт, райиси ноҳия Бояков аст. Вай на танҳо замини мо, балки заминҳои дигарро низ забт кардааст.»
Аммо ин ҳодисаи аввали аз худкунии боғоти сердолу дарахт аз сӯйи мансабдорони давлатӣ набудааст. Таҳлилгарон мегӯянд, тайи понздаҳ соли ахир хусусисозии биноҳои давлатӣ, корхонаҳо ва заминҳо зиёд мушоҳида мешаванд, ки бештари онҳо ба наздикони райиси ҷумҳури Тоҷикистон ва дигар соҳибмансабони кишвар тааллуқ доштаанд.Тоҳири Абдуҷаббор, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, мегӯяд, имрӯз гурӯҳҳои алоҳида бо истифода аз мақоми худ куллияи корхонаҳои санъатӣ ва иншооти давлатиро мехоҳанд зери даст дошта бошанд. Ин амр, ба гуфтаи оқои Абдуҷаббор оқибати нек дар пай нахоҳад дошт: «Аслан чунин кор мухолифи ҳамагуна қонуни иқтисодӣ аст. Яъне ин ки ашхоси алоҳида корхонаҳои азими санъатӣ ва заминҳоро дар ихтиёри худ мегиранд, Тоҷикистонро бештар ба монополия, монополияи гурӯҳҳои муайян наздик мекунад, ки рақобатро аз бозор гум мекунад. Ва ин марги низом аст»
Дар ҳамин ҳол, Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъ, мегӯяд, шумораи зиёди шаҳрвандон бо чунин даъво, ки феълан мансабдорони кишвар заминҳои онҳоро аз худ кардаанд, ба ӯ муроҷиат кардаанд. Аммо мегӯяд вай, таъсисоти давлатӣ ва заминҳоро аксари мансабдорон на ба номи худ, балки ба номи наздиконашон сабти ном кардаанд. Вай гуфт, хусусисозӣ имрӯзҳо дар кишвар ғайриодилона сурат мегирад ва корхонаҳои хусусишуда ғайримақсад истифода мешавад.
Аммо Олим Бобоев, райиси Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, хусусисозии заминҳо ва таъсисоти давлатӣ аз сӯйи сарватмандон амри табиӣ будааст. Зеро ба гуфтаи ӯ , имрӯз, ки корхонаҳои зиёд ва заминҳо бекор хобидаанд, беҳтар мебуд онҳоро афоди сарватманд дигарбора фаъол кунанд: «Вақте аз худ мекунанд, мақсад доранд, ки корханҳо ба кор дарояд. Новобаста аз сарчашмаи даромад корхона кор кунаду одамон соҳиби ҷойи кор шаванд, албатта, хуб аст.»
Аммо Шӯҳрат Қудратов, узви Ҳизби сотсиал-демократ аз мавориди зиёди азхудкунии заминҳои шаҳрвандон тавассути мансабдорон изҳори нигаронӣ мекунад. Вай мегӯяд, феълан қисмати зиёди корхонаҳои азим, марказҳои савдо ва тарабхонаҳо дар Душанбе ба фарзандон ва наздикони мансабдори сатҳи болои Тоҷикистон тааллуқ дорад: «Ба касе пӯшида нест, ки ҳамаи мансабдорон бо истифода аз мақомашон ҷойҳои сердаромадро аз худ мекунанд. Масалан, як хонаводаи Президент ва ақрабои ӯ бештари марказҳои савдо ва корхонаҳоро бар ӯҳда доранд. Ин мушкиле аст, ки ба ин зудӣ ҳал намешавад ва оқибати нек ҳам надорад»
Таҳлилгарон мегӯянд, бо истифода аз мансаби давлатӣ аз худ кардани заминҳо дар кишвар пайомади хубе надорад. Аммо бо ин вуҷуд, ҳанӯз мансабдоре барои тасарруфи заминҳои шаҳрвандони дигар муҷозот нашудааст.