МИ
Кормандони шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар умури дохилаи Суғд рӯзи панҷшанбеи 10 - уми май 80 кило афюнро дар ноҳияи Спитамен, сӣ километрии Хуҷанд дар дохили автомобили як қочоқбар кашф ва мусодира кардаанд.
Аброр Охунов, корманди ин ниҳод гуфт, афюн дар бағоҷи автомобили ВАЗ - 21010, ки сари фармони он Раҳматулло Абдуллоев менишаст, дар чаҳор бастаи селофанӣ дарёфт шудааст. Идораи умури дохилаи Суғд ин ронандаро мавриди боздошт қарор дода, бо итиҳоми қочоқи маводи мухаддир нисбати вай парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ба маълумоти Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар устони Суғд, дар давраи сипарии соли равон дар минтақаи шимолии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми ниҳодҳои марбута беш аз 200 кило маводи мухаддир, ки аз ним зиёди он моддаи сахттаъсири героин мебошад, дар дасти қочоқгарон дарёфт ва мусодира шудааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд