Шаби гузашта, сеюми май дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ду шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуданд.
Мақомот гуфтаанд, як марди 40-сола ва як зани 35-солаи сокини вилояти Хатлон ҳини тафтиши мусофирони хатсайри Душанбе - Маскав бо гумони интиқоли мухаддирот дар шиками худ боздошт шуданд.
Марди боздоштшуда Д.Ш. дар интиқоли 60 бандчаи ҳероин ва зани боздоштшуда Г.Р. дар интиқоли 21 бандчаи ҳероин иқрор шудаанд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Шурӯъ аз аввали сол аз нӯҳ мавриди талоши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир тариқи роҳи ҳавоӣ дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ шудааст.