мс
Вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс дар иҷлоси ифтитоҳии анҷумани Ироқ хостори пуштибонии фаъол ва мудовими байналмилалӣ аз барномаи панҷсолаи бозсозии Ироқ шуд. Ин анҷумани дурӯза рӯзи панҷшанбе дар Шармулшайхи Миср оғоз ба кор кард.
Барномаи панҷсолаи бозсозии Ироқ, ки Муоҳидаи байналмилалии Ироқ ном гирифтааст, муштаракан аз ҷониби СММ, Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳукумати Ироқ таҳия шудааст. Кандализа Райс нишасти Шармулшайхро як рӯйдоди таърихӣ номид ва гуфт: "Нишасти имрӯзаи муоҳида як рӯйдоди таърихӣ аст, аммо ҳамаи мо медонем, ки ин танҳо оғози роҳ аст, на анҷоми он ."
Муоҳидаи байналмилалии Ироқ ироаи кӯмакҳо ба барномаҳои бозсозӣ ва рушд, ёриҳои башариву сармоягузорӣ ва ҳамчунин сабук кардани бори гарони қарзҳои Ироқро пешниҳод мекунад. Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ имрӯз дар Шармулшайх таҳри пешниҳодшударо як харитаи роҳ барои бозсозии Ироқ дар панҷ соли оянда номида гуфт, ки он барои расидан ба ҳадафҳои дарозмуддате, ба мисли таъмини шукуфоии иқтисодиву суботи сиёсӣ ва амният дар ин кишвар равона шудааст. Дар оғози анҷумани Шармулшайх нахуствазири Ироқ Нурӣ-Ал-Маликӣ аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон даъват кард, қарзҳои кишварашро бубахшанд: "Мо аз ҳама ёрону бародароне, ки дар ин конфронс ширкат мекунанд, даъват мекунем, қарзҳои Ироқро бубахшанд, то ки Ироқ ба иҷрои барномаҳои сохтмону барқарорсозӣ ва рушду тавсеа ва эҳёи дубораи зербиноҳои харобшуда оғоз карда тавонад."
Қарзи хориҷии Ироқ феьлан худуди 50 миллиард доллар аст. Дар ҳоле ки қаблан маҳфили Париж, ки кишварҳои бузурги қарздиҳандаи ҷаҳонро муттаҳид мекунад, аллакай 100 миллиард қарзи Ироқро ботил кардааст. Аммо интригаи аслии нишасти Шармулшайх албатта ҳузури ду рақиби сиёсӣ, - ИМА ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин анҷуман мебошад. Ин кишварҳо,ки ба Шармулшайх вузарои хориҷаи худ - Кандализа Райс ва Манучеҳри Муттакиро фиристодаанд, қабл аз оғози нишаст ишораҳоеро дар бораи эҳтимоли анҷоми як мулоқоти рӯбарӯ карда буданд. Ин дар ҳолест, ки Вашингтон Теҳронро ба пуштибонӣ аз гурӯҳҳои ҷангии шиъаҳои ироқӣ, ки алайҳи нирӯҳои амрикойӣ ва сунниҳои Ироқ амал мекунанд, муттаҳам кардааст. Аммо феълан Манучеҳри Муттакӣ, ки дар ҳошияи анҷумани Шармулшайх бо хабарнигор сӯҳбат мекард, бо тамаркуз танҳо ба масоили Ироқ гуфт: "Ба бовари мо, ҳамаи ҷонибҳо - ҳар як нафар бояд кӯмаки худро ба Ироқ дар амри даст ёфтан ба субот ва амнияти ин кишвар дареғ надорад"
Ҳамчунин, хабарнигорон аз эҳтимоли баргузории нишасти рӯбарӯи вазирони хориҷаи Амрикову Сурия низ ҳадс мезананд. Сурия бо шумори афзояндаи паноҳандаҳои Ироқ дар қаламраваш дучори мушкилоти фанниву молӣ шуда, ба ҳалли ин масъала дар ҷараёни конфронс умед мебандад. Конфронси Шармулшайх то шоми ҷумъа идома хоҳад ёфт.
Мирзои Салимпур, Прага