Po
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар баробари аъзои парлумони ин кишвар пайёми солонаи худро ироа кард. Расонаҳои гурӯҳии кишвар навиштаанд, ки самтгириҳои Тоҷикистон дар сиёсати дохиливу хориҷӣ, танзими расму оин, истиқлоли энержӣ, мубориза бо фасоду ришвахорӣ, даҳ соли имзои созишномаи истиқрори сулҳ аз мавзӯъҳои аслии ин пайём маҳсуб мешаванд.
Аммо мавзӯъи дигари мавриди баҳс, гуфта мешавад, қонунӣ сохтани даромадҳои кормандони давлатӣ ва мақомоти кишвар аст. Соли гузашта президент Эмомалии Раҳмон ҳушдор дода буд, ки ба қавли ӯ "агар мансабдорони давлатӣ қасрҳои худро расман қонунӣ нагардонанд, амволи ин афрод ба манфиати давлат тасарруф хоҳад шуд».
Аммо нашрияҳои маҳаллӣ менависанд, ки то ҳол роҷеъ ба қонунӣ шудани манзилу дороиҳои гаронқимати мақомоти давлатӣ иттилоъе дар даст нест.