Боздошти се қочоқчии чиноӣ дар Суғд

vb
Мақомоти идораи гумруки Суғд се шаҳрванди Чинро ба ҳангоми қочоқи ашёи гаронбаҳои қадима дар посгоҳҳои гумрукии вилоят боздошт карданд. Султон Эрбоев, муовини сардори раёсати гумруки Суғд дар ин маврид гуфт, шаҳрвандони боздоштшудаи Чин мехостанд, ин осори таърихиро бо роҳи ҳавоӣ ва заминӣ аз Тоҷикистон берун баранд. Ӯ гуфт, дар фурӯдгоҳ аз ҷониби кормандони идораи гумрук 32 намунаи осори нодири таърихӣ ба монанди зарфҳои сангӣ, чинӣ ва мисӣ, сӯзаниву гулдӯзиҳои қадима адад чизҳои қадима аз ду шаҳрванди Чин ва як шаҳрванди Тоҷикистон мусодира шуд. Оқои Эрбоев гуфт, байни осори мусодирашуда як зарфи лагани мисӣ ҳаст, бо тасвири ҷонварону сайёдон ва дар ҳошияи он расми мутрибон, ки тахмин меравад, моли асрҳои 9 - 10 милодист.


Ба гуфтаи оқои Эрбоев, аз як шаҳрванди дигари Чин, ҳангоми убураш аз посгоҳи гумрукии Исфара, дар хати марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби гумрукиёни Суғд ҳашт адад зарфи қадимӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст. Ӯ гуфт, нисбати ин шаҳрванди Чин низ идораи гумрук парванда боз кардааст.


Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва маъхазҳои осорхонаҳо» аз қаламрави ин кишвар берун баровардани ашъёи дорои аҳамияти таърихиву фарҳангиро манъ мекунад. Аммо бо ин вуҷуд, ба гуфтаи мақомоти идораи гумруки Суғд, мавориди қочоқи ашъёи таърихии баландарзиш дар минтақаи шимоли Тоҷикистон зиёд ба мушоҳида мерасад. Кормандони гумрук дар соли равон ҳадди ақал ҳафт маротиба осори қадимаро аз дасти қочоқгарон мусодира кардаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд