Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай иқрор кард, ки бо мақсади дастёфт ба сулҳ ва амният дар кишвараш бо намояндагони ҷумбиши Толибон мулоқот кардааст. Карзай дар нишасти хабарӣ дар Кобул дар бораи ин мулоқот ҳеч гуна тафсилоте надод ва ҳатто ошкор накард, ки оё дар гуфтушунид аз тарафи толибон намояндагони кадом сатҳ ширкат кардаанд.
Вай аз тарафдорони ҷумбиши тундрави исломии Толибон даъват кард, силоҳи худро ба замин бигузоранд ва ба ҳукумати ӯ шарик шаванд. Вале афзуд бо ситезаҷӯёни хориҷӣ ҳеч гуна муъомила нахоҳад кард.
Изҳороти Карзай як рӯз баъд аз баёнияи вазири корҳои берунаи Афғонистон Рангин Додфар Сипанто садо дод, ки баракс мегуфт, ба ҳеч ваҳҷ ҳукумат бо толибон гуфтугӯ нахоҳад кард. Вай пешниҳоди олмониҳоро ба чунин мулоқот шабеҳи он номида буд, ки сарони Олмон бо аҳзоби неофошистӣ вориди эътилоф шаванд.