Маскав ба гирдиҳамоиҳо иҷозат доданӣ нест

Маҷлиси шаҳри Маскав қонунеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он баргузории намоишҳову гирдиҳамоиҳои мухталиф маҳдуд мешавад. Мухолифини ин қонун мегӯянд, ки мақомот бо ин роҳ мехоҳанд дар пешорӯи интихобот ҳама гуна садои ноқаноатмандиҳои мардумро пахш кунанд. Қонуни нав баргузории тазоҳуротро дар наздикии муҷассамаҳои таърихӣ, ҳамоиши беш аз 2 нафарро дар як метри мураббаъ манъ карда инчунин ҳамоишҳоро дар дохили сохтмонҳо, ки дар онҳо шумори ширкатдорон назар ба курсиҳои нишаст бештар бошад, иҷоза намедиҳад. Гурӯҳҳои мухолифин гуфтанд, ки хоҳони баргузории ҳамоишҳо дар пешорӯи интихоботи парлумонии моҳи декабр ва интихоботи раёсатҷумҳурии соли оянда ҳастанд.