Нигаронӣ аз заминҳои минкоришудаи Афғонистон

Жан Мари Гуйҳенно, муовини дабири кулли СММ гуфт, ки дар Афғонистон ҳанӯз ҳам заминҳои кишти минакоришуда монеи фаъолияти кишоварзон мешавад.


Вай гуфт, дар натиҷа шароити зиндагии аксар мардуми ин кишвар ба таври қобили мулоҳиза мушкил гардидааст. Оқои Гуйҳенно изҳороти худро дар пешорӯи таҷлили рӯзи байналмилалии Огоҳӣ аз минаҳои зиддинафар ироа кард, ки 4 апрел таҷлил мешавад.


Дар айни замон ин мақоми баландпояи СММ аз талошҳои Афғонистон барои поксозии заминҳои кишт аз минаҳои зиддинафар ситоиш кард. Гуйҳенно гуфт, ҳатто агар дар майдони бузург танҳо як мина пинҳон шуда бошад, мақомот бо гузоштани ишораи хатари инфиҷор ин заминро ғайри қобили истифода кардаанд.