Сенати Амрико барои хурӯҷ аз Ироқ раъй дод

Сенати Амрико ба пуштибонии берун шудани нирӯҳои ИМ аз хоки Ироқ то моҳи марти соли оянда овоз дод. Таносуби раъйҳо тақрибан ба ҳам наздик буд, яъне 50 ба 48 овоз.


Баъди раъйдиҳӣ, сухангӯи Кохи Сафед Дана Перино гуфт, ки раиси ҷумҳурӣ Ҷорҷ Буш аз он ноумед шудааст, ки сенат дидаву дониста қонунеро пуштибонӣ кард, ки аз ҷониби вай вето хоҳад шуд.


Тасмими Сенат чаҳор рӯз баъди он гирифта шуд, ки Маҷлиси намояндагони Амрико таърихи хурӯҷи кулли нирӯҳои амрикойӣ аз Ироқро то 1 сентябри соли 2008 пешниҳод кард.