Аҳмадинажод иҷозаи вуруд ба Амрикоро гирифт

Бх
Давлати Амрико барои Маҳмуди Аҳмадинажод раиси ҷумҳури Эрон раводиди вуруд ба ин кишварро содир кардааст то ӯ битавонад дар кори ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони милали муттаҳид ширкат ва суханронӣ кунад.
Маҳмуди Аҳмадинажод қаблан эълом дошта буд,ки мехоҳад ба манзури тавзеҳи сулҳомез будани барномаи ҳастаии кишвараш пеш аз судури қатъномаи дувум раъйдиҳӣ дар мавриди қатъномаи ҷазоӣ бар зидди кишвараш дар Шӯрои амният суханронӣ кунад. Қасди Маҳмуди Аҳмадинажод аз ширкат дар кори нишасти Шӯрои амнияти СММ ин аст,ки ҷомеаи ҷаҳониро ба сулҳомез будани барномаи ҳастаии Эрон мутақоид созад. Баъд аз он,ки Эрон аз талаби тавқифи фаъолиятҳои ғанисозии ураниум сар печид, аъзои Шӯрои Амният тасмим гирифтанд,алайҳи ин кишвар таҳримоти нав эъмол кунанд.