Нақши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва роҳбари фақиди он Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ унвони як ҳамоиши вижа аст, ки дар Маркази таҳқиқоти стратегии вобастаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар порлумони кишвар гуфт, ҳамоиши мазкур дар арафаи солгарди 60-и таваллуди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ-бунёдгузори ин созмони сиёсӣ ва 10-умин солгарди иди Ваҳдат, ки қарор аст, моҳи июни соли равон таҷлил шавад, доир хоҳад шуд. Оқои Кабирӣ гуфт, ҳадаф аз ташкил ва баргузории ин ҳамоиш ошкор кардани саҳм ва нақши ин ҳизб дар роҳи дастёбӣ ба сулҳи умумӣ аст.
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изофа кард, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ-раиси фақиди ин ҳизб ба унвони раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиюни тоҷик ва ба ҳайси раиси Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон барои барқарории сулҳ ва оштии миллӣ хидматҳои шоистаеро анҷом додааст, вале дар бештари матолиби мунташира ва суханрониҳои масъулини кишвар аз ин нақш ва хидматгузориҳо ёдоварӣ намешавад. Ӯ гуфт, ҳамоиши мазкур, ки бо ширкати масъулини давлати Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва суфарои хориҷии муқими Душанбе баргузор мешавад, то ба ҳадде аз таблиғи якҷониба ва радди хотир шудани ҷониби дигари сулҳ, яъне Ҳизби наҳзати исломӣ ва мақомоти масъулини он дар ҷараёни хатми муқовимати мусаллаҳона ва дастёбӣ ба сулҳи сартосарӣ ҷилавгирӣ хоҳад кард.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон қувваи умдаи Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиюни тоҷик буд, ки бар алайҳи ҳукумати вақт муборизаи мусаллаҳона пеш мебурд. Бо анҷоми муқовимати мусаллаҳона ва имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти милӣ аз сӯи Эмомалӣ Раҳмонов-раиси ҷумҳурӣ ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ -роҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик дар Маскав дар 27 июни соли 1997 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иҷозаи фаъолияти сиёсӣ дар кишварро соҳиб шуд. Ҳоло ду нафар -Муҳиддин Кабирӣ -раис ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода раҳбари рӯҳонии ин ҳизб ба ҳайси узви Маҷлиси Намояндагон палатаи поёнии порлумони кишвар фаъолият мекунанд.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе